Остона, 21 ноябри соли 2025 АИ Караван Инфо. Дар Остона финали лоиҳаи байналмилалии давлатҳои иштирокчии ИДМ “100 ақида барои ИДМ” ба таври тантанавӣ кушода шуд. Лоиҳа, ки аз соли 2014 амалӣ намуда мешавад, ба фаъолсозии фаъолияти инноватсионии ҷавонони Иттиҳод равона шудааст.

Дар финал навоварони ҷавон аз Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Дар ифтитоҳи он намояндагони кумитаи Иҷроияи ИДМ ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти ҶҚ ҳузур доштанд.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳ – презентатсия баргузор шуд, ки дар он финалистҳо ғояҳои инноватсионии худро, аз ҷумла қарорҳои технологӣ, стартапҳои IT, инноватсияҳои таълимӣ, тиббӣ ва лоиҳаҳои беҳтар намудани экологияро ба ҳакамон пешниҳод намуданд.
Илова бар ин, ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор шуд, ки дар он ҷараёни татбиқи ташаббусҳои муштараки ҷавонон ва нақшаи кор барои соли 2026 муҳокима намуда шуд.
Аксҳо: Вазорати Фарҳанг ва иттилооти ҶҚ
