Вазири мудофиаи Қазоқистон ба Туркия сафари расмӣ анҷом дод – ИА Караван Инфо
Вазири мудофиаи Қазоқистон ба Туркия сафари расмӣ анҷом дод

Остона, 20 ноябри соли 2025 АИ Караван Инфо. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Генерал-лейтенанти авиатсия Даурен Косанов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Туркия ташриф овард. Дар доираи сафар ӯ як қатор вохӯриҳо доир намуд ва ба иншооти ҳарбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои комплекси саноатии мудофиавии Туркия ташриф овард.

Сафар бо маросими тантанавии гузоштани гулчанбар ба муҷассамаи Мустафо Кемал Ататюрк оғоз ёфт.

Сипас гуфтушунидҳо байни сардори идораи мудофиаи Қазоқистон ва Вазири мудофиаи миллии Туркия Яшар Гюлер баргузор шуданд. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, бо сардори ситоди Генералии қувваҳои Мусаллаҳи Туркия мулоқот баргузор шуд.

Ҳамкории байни идораҳои мудофиавии ду кишвар дар соҳаи илм, маориф, омодагии ҷангӣ ва соҳаи ҳарбӣ-техникӣ дар асоси созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкории ҳарбӣ амалӣ намуда мешавад.

Сурат: ВМ ҶҚ

error: