Қазоқистон ва Туркманистон ҳамкориҳои рақамиро тақвият медиҳанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Туркманистон ҳамкориҳои рақамиро тақвият медиҳанд

Остона, 26 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ба Қазоқистон мулоқоти Вазири алоқаи Туркманистон Ҳоҷимурат Худойгулиев бо муовини сарвазир вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии ҶК Жаслан Мадиев ва муовини вазир Досҷон Мусалиев баргузор шуд.

Ҷонибҳо доираи васеи самтҳои ҳамкориро, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, дурнамои тиҷорати рақамӣ тавассути ҶС “Казпочта”, ҳамкорӣ дар соҳаи кайҳон, инчунин дастгирии ташаббуси Қазоқистон дар бораи таъсиси Маркази Минтақавии ҳалли рақамӣ дар Алмаато барои рушди устувор таҳти сарпарастии ЭСКАТО баррасӣ намуданд.

Ба лоиҳаи калидии инфрасохторӣ ташкили пайвастагии байналмилалии шабакаҳои телекоммуникатсионии Қазоқистон ва Туркманистон диққати махсус дода шуд. Ҳадафи ин ташаббус эҷоди робитаи мустақим ва боэътимод байни шабакаҳои ду давлат мебошад.

Лоиҳа сохтмони хатти алоқаи зеризаминии нахӣ-оптикӣ (ВОЛС) дар Қитъаи Темирбаб (Қазоқистон) Бекдаш (Туркманистон) – ро пешбинӣ мекунад. Татбиқи ин хат иқтидори транзитии минтақаро тақвият мебахшад, қобилияти интиқоли каналҳои байналмилалии алоқаро ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва имкон медиҳад, ки хатсайрҳои нави рақамӣ дар Осиеи Марказӣ ташкил намуда шаванд.

Дар доираи сафар Меморандум дар бораи ниятҳо байни ТОО “TNS-Plus” (Қазоқистон) ва ширкати “Туркментелеком” (Туркманистон) ба имзо расид. Ҳуҷҷат созишномаро дар бораи сохтмони гузаргоҳи сарҳадии кабелӣ ва пайваст намудани шабакаҳои магистралии телекоммуникатсионии ду кишвар қонунӣ мустаҳкам мекунад.

Барои татбиқи лоиҳа гурӯҳи кории муштарак таъсис дода мешавад, ки параметрҳои техникиро муайян мекунад ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавиро омода мекунад. Дар назар аст, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар давоми 12 моҳи баъди имзои еддошт ба анҷом расанд.

Сурат: МСРИАП ҶК

error: