Остона, 26 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Филми қазоқистонии ” Ғолибон дар оғоз дида мешаванд” (Becoming) барандаи ҷоизаи бонуфуз дар ҷашнвораи байналмилалии Таллин “Шабҳои Сиёҳ ” (PÖFF) гардид. Режиссер ва продюсери филм Жаннат Алшанова ҷоизаи “беҳтарин продюсери балтика” – ро дар категорияи “Копродуксия” гирифт.

Дебюти пурраи Жаннат Алшанова бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва иттилооти ҶК ва маркази давлатии дастгирии кинои миллӣ (ширкати кинои ТОО “Accidental Films”) сохта шудааст. Лоиҳа дар шакли ҳамкории васеи байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои продюсерӣ аз Фаронса, Нидерландия, Литва, Шветсия, инчунин бо дастгирии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ амалӣ намуда шуд.
Филм дар бораи Милаи 17-сола нақл мекунад, ки дар талоши мустақилият ва баромадан аз бӯҳрони оилавӣ ба дастаи шиноварӣ дар обҳои кушод дохил мешавад ва бо интихоби тағйир додани тақдири ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Дар филм актрисаҳо Тамирис Жангазинова, Асел Калиева ва Медина Сагиндикова, инчунин актери литва Валентин Новополский иштирок мекунанд.
Нахустнамоиши ҷаҳонии филм моҳи августи соли 2025 дар ҷашнвораи Байналмилалии Локарно баргузор шуд. Баъдтар ин филм дар барномаи ҷашнвораи байналмилалии пусан дар Кореяи Ҷанубӣ намоиш дода шуд.
Аксҳо: Вазорати Фарҳанг ва иттилооти ҶК
