Москва, 13 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар доираи мулоқоти Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ва Президенти Русия Владимир Путин табодули ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ сурат гирифт. Дар байни онҳо созишнома дар бораи таъсиси комиссияи байнидавлатии Қазоқистон ва Русия оид ба гузаронидани озмоишҳои парвозии маҷмӯаҳои ракетавии “Союз-5” ва “Байтерек” калидӣ буд.

Созишномаро дар Маскав аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон Муовини сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ Жаслан Мадиев имзо намуд.
Таъсиси комиссия имкон медиҳад, ки корҳои марбут ба омодагӣ ва гузаронидани озмоишҳои парвоз, инчунин татбиқи минбаъдаи лоиҳаи Байтерек ҳамоҳанг намуда шаванд. Ин лоиҳа яке аз самтҳои асосии ҳамкории Қазоқистон ва Русия дар соҳаи кайҳон мебошад.
Лоиҳаи Байтерек дар космодроми Байконур тибқи созишномаи байниҳукуматӣ, ки соли 2004 ба имзо расидааст, амалӣ намуда мешавад. Он барои таъмини марҳилаи нав дар рушди соҳаи мушакии кайҳонии Қазоқистон, тақвияти иқтидори технологӣ ва саноатии он пешбинӣ шудааст.
Сурат: МСРИАП ҶҚ
