Остона, 18 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо фиристодаи Махсуси Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Пэк Чу Хен мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин дурнамои рушди шарикии васеи стратегии қазоқистону кореяро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ-логистикӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Ба омодасозии чорабиниҳои муштарак дар сатҳи олӣ ва баланд дар соли 2026, аз ҷумла дар доираи формати Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Корея диққати махсус дода шуд.
Ермек Кошербаев қайд намуд, ки Кореяи Ҷанубӣ шарики муҳими Қазоқистон дар Осиё мебошад ва дар таҳкими ҳамкории бисерҷониба дар майдончаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши калидӣ дорад.
Мусоҳибон ба рушди лоиҳаҳои муштарак, ки ба афзоиши тиҷорати мутақобила ва таҳкими робитаҳои сармоягузорӣ мусоидат мекунанд, изҳори манфиатдорӣ намуданд. Дар охири мулоқот омодагии идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ, ки ба эҳтиром ва эътимоди тарафайн асос ефтааст, тасдиқ намуда шуд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
