Рӯзи таърихсоз, ки оғози давлати навинро поягузорӣ кард – ИА Караван Инфо
 Рӯзи таърихсоз, ки оғози давлати навинро поягузорӣ кард

Душанбе, 17 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар Қасри таърихии Арбоб чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид — санае, ки ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рамзи арҷгузории мардум ба эҳёгарии давлатдорӣ ва нақши таърихии Пешвои миллат ба шумор меравад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ сокинони вилоятро бо ин рӯз табрик намуда, таъкид кард, ки Рӯзи Президент нишонаи эҳтироми халқ ба заҳматҳо, ҷоннисориҳо ва фаъолияти сарнавиштсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд — рӯйдоде, ки роҳу ояндаи кишварро муайян кард. Дар шароити буҳрони амиқи сиёсӣ, таҳдиди ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагии миллӣ вакилони мардум муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари давлат интихоб намуданд. Каломи таърихии раиси нав — «Ман ба шумо сулҳ меоварам!» — ба шиори давраи навини сулҳоварӣ табдил ёфт.

Дар он рӯзҳо, ки кишвар аз парокандагӣ, ҷанг ва харобӣ ранҷ мекашид, роҳбарияти нав тавонист миллати тоҷикро аз вартаи фано раҳо созад ва заминаи сулҳро барқарор намояд.

Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат сохти конститутсионӣ эҳё, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид. Дар пайи ин, кишвар ба марҳилаи ислоҳоти фарогир ворид шуда, пояҳои давлатдории муосир, низоми ҳуқуқӣ, сохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳким ёфтанд.

Барои хизматҳои таърихӣ дар эҳёи давлати миллӣ ва ваҳдати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвонҳои олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қадрдонӣ шуданд — нишони эҳтироми халқи тоҷик ба фарзанди фарзонаи худ.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Ҷашнҳои куҳани миллӣ — Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон — аз нав эҳё гардида, ба сатҳи давлатӣ бароварда шуданд. Ин сиёсати фарҳангӣ барои таҳкими худшиносию ҳувияти миллӣ нақши муҳим бозид.

Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Тоҷикистон ҳамчун кишвари боэътимод ва ҳамкори фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Талошҳои кишвар дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои об, мубориза бо экстремизм ва таҳкими амнияти минтақавӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳимоят меёбанд.

Тоҷикистон имрӯз бо пешниҳодҳои созандаи худ дар масоили глобалӣ мавқеи устувор касб кардааст.

Аз рӯзҳои нахустини фаъолият то имрӯз Пешвои миллат ба иродаи халқ такя намуда, ба принсипҳои адолат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан пайравӣ мекунанд. Ин сиёсат имкон дод, ки ҷомеа ба роҳи созандагӣ қадам бигзорад ва Тоҷикистон марҳилаи нави рушдро паси сар намояд.

Имрӯз кишвар дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагӣ рушд мекунад. Парчами Тоҷикистон дар миёни парчамҳои кишварҳои ҷаҳон бо ифтихор парафшонӣ дорад, ки ин натиҷаи бевоситаи сиёсати давлати соҳибистиқлол аст.

Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии пурмуҳтаво пешниҳод гардид.

АКС: АИ «Корвон Иттилоот».  

error: