Душанбе, 28 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 24 ноябр ҷаласаи коршиносони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд, ки ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бахшида шуд. Тавре аз Котиботи СҲШ дар Пекин хабар доданд, ҷаласа дар формати видеоконфронс бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавии кишварҳои узв баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон ду санади муҳимро баррасӣ карданд, ки барои такмил ва ҳамоҳангсозии сиёсати варзишии кишварҳои узв нигаронида шудаанд:
- Низомномаи гурӯҳи корӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои узви СҲШ;
- Қоидаҳои мусобиқаҳои байналмилалии варзишии «Ҷоми СҲШ».
Ин ҳуҷҷатҳо барои ташкили платформаи муназзам дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак, табодули таҷриба ва рушди лоиҳаҳои минтақавии варзишӣ замина муҳайё мекунанд. Ташаббусҳои Беларус ва Русия, ба баҳогузории коршиносон, метавонанд сатҳи ҳамкориро боз ҳам боло баранд.
Коршиносон ҳамчунин раванди омодагӣ ба ҷаласаи роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои масъули рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви СҲШ-ро баррасӣ карданд. Баргузории ин чорабинӣ барои 30 апрел – 1 майи соли 2026 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон нақша гирифта шудааст.
Ин ҷаласа метавонад ба қабули механизмҳои нав барои дастгирии варзиши оммавӣ, ташаббусҳои ҷавонон ва густариши дипломатияи варзишӣ замина гузорад.
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ба рушди робитаҳои гуманитарӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни кишварҳои узви СҲШ мусоидат мекунад. Реализацияи барномаҳои муштарак ба зиёд шудани чорабиниҳои варзишии бисёрҷониба ва таҳкими фазои фарҳангии умумиминтақавӣ мусоидат менамояд.
АКС:аз манбаъҳои боз
