Душанбе, 28 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Пеш аз саммити Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) дар Қирғизистон, раҳбарони кишварҳои узв дар Қасри Давлатии «Ала-Арча» дар мулоқоти ғайрирасмӣ иштирок намуданд, ки дар он барои онҳо барномаи этнокултурӣ ташкил карда шуд.

Дар давоми чорабинӣ меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо анъанаву урфу одатҳои халқи қирғиз шинос шаванд. Дар комплекси этнографии «Қирғиз айылы» барои меҳмонон юртҳо, ашёҳои рӯзмарраи миллӣ, маҳсулоти устоёни мардумӣ ва ҳамчунин хусусиятҳои фарҳангии кишварҳои узви СААД намоиш дода шуданд. Ин экспозиция ба иштирокчиён имкон дод, то сарватмандии мероси фарҳангии минтақа ва эҳтироми мутақобила байни давлатҳоро эҳсос кунанд.
Тавре ки дар дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, Содир Ҷапаров, қайд карданд, ба нишони меҳмоннавозӣ ва эҳтиром ба меҳмонон панноҳои дастӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ тақдим карда шуданд. Ин тӯҳфаҳо рамзи дӯстӣ ва талош барои гуфтугӯи фарҳангӣ байни кишварҳои узви СААД гардиданд.

Барномаи этнокултурӣ дар «Ала-Арча» на танҳо як намоиши фарҳангӣ буд, балки ташаббуси муҳими дипломатӣ низ ба шумор мерафт, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ равона шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Кирғизистон
