Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ оғоз ёфт – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ оғоз ёфт

Душанбе, 14 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар толори «Арҷанг»-и Кохи «Наврӯз» ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси байнипарламентии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз гардид. Дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин роҳбарон ва делегацияҳои парламентҳои давлатҳои узви ИДМ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат доранд.

Дар оғози ҷаласа Рустами Эмомалӣ иштирокчиёнро гарму самимӣ пешвоз гирифта, таъкид намуд, ки баргузории чорабиниҳои Шӯрои Маҷлиси байнипарламентӣ дар Душанбе дар заминаи анҷоми раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 аҳамияти вижа дорад.

Ҳадафи асосии ҷаласа баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории байнидавлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, инчунин муайян намудани афзалиятҳои кори Ассамблея барои соли 2026 мебошад.

Иштирокчиён иттилоъро оид ба қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 10 октябри 2025 ва Шӯрои сарони ҳукуматҳо аз 29 сентябри 2025 шунида, доир ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ, фаъолияти Кумиссиюни ҳуқуқи инсон ва тақдими ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов, ки воситаи муҳими пуштибонии ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад, табодули назар хоҳанд намуд.

Сарони парламентҳо нақшаи кори Ассамблея барои соли 2026-ро баррасӣ карда, натиҷаҳои чорабиниҳои соли ҷорӣ ва роҳҳои тақвияти ҳамкории байнипарламентиро муҳокима мекунанд. Ҳамчунин, табодули назарҳо оид ба дурнамоҳои рушди пойгоҳи қонунгузорӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои амният, иқтисод, нақлиёт ва сиёсати иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар доираи барнома масъалаҳои суботи минтақавӣ ва муқобила бо таҳдидҳои сарҳадӣ, аз ҷумла терроризм, таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ баррасӣ мегарданд.

Пленарии 59-уми Маҷлиси байнипарламентии давлатҳои узви ИДМ, ки ба санаи 14 ноябри 2025 барномарезӣ шудааст, идомаи кори фаъолона оид ба тақвияти ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии ташаббусҳои қонунгузорӣ дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил хоҳад буд.

АКС:Шурои Федератсияи Русия

error: