Остона, 10 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар маркази Байналмилалии ҳамкории наздисарҳадии “Хоргос” мулоқоти намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Халкии Чин баргузор гардид. Ҷонибҳо дар бораи гузариши марҳила ба марҳила ба системаи бемаҳдуди додани иҷозатномаҳо барои интиқоли байналмилалии автомобилӣ мувофиқа намуданд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ба чунин созишномаҳо ноил гардиданд:
• Давраи гузариш (санаи 6-12 ноябри соли 2025): ҷониби Чин ба Қазоқистон 15 ҳазор варақаи иҷозатнома медиҳад. Талаботи воқеии миёнаи шабонарӯзии интиқолдиҳандагони Қазоқистон аз рӯи натиҷаҳои ин давраи ҳафтрӯза муайян намуда мешавад, ки пас аз он интиқоли ҳаррӯзаи бланкҳо дар асоси маълумоти гирифташуда амалӣ намуда мешавад.
• Аз соли 2026: гузариш ба тақсимоти номаҳдуди варақаҳо бидуни муқаррар намудани маҳдудиятҳои миқдорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз соли 2026 ба ҳамаи воситаҳои нақлиёте, ки тавассути системаи навбати электронӣ ба ҶХХ ворид мешаванд, ба таври худкор варақаҳо дода мешаванд. Шарти асосӣ ин набудани қонуншиканиҳои қаблан сабтшудаи Қонунгузории Чин аз ҷониби интиқолдиҳанда мебошад.
Қайд намуда мешавад, ки талабот ба иҷозатномаҳо меафзояд: дар соли 2024 интиқолдиҳандагони қазоқистонӣ 228 ҳазор бланкро истифода бурданд ва аз аввали соли 2025 беш аз 230 ҳазор бланкаи чинӣ гирифта ва истифода шудааст.
Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ
