Остона, 10 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири тандурустии Қазоқистон Акмарал Алназарова бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон Сайлас Тангал барои муҳокимаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, дорусозӣ ва тибби анъанавӣ мулоқот намуд. Раиси идора қайд намуд, ки Қазоқистон ба таҷрибаи Ҳиндустон ҳамчун пешвои эътирофшуда дар соҳаи технологияҳои тиббӣ, истеҳсоли доруҳо, телемедицина ва тибби анъанавӣ манфиатдор аст.

Ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ яке аз самтҳои асосии гуфтушунид гардид. Дар Қазоқистон 965 номгӯи доруҳо ва 248 маҳсулоти тиббии ширкатҳои Ҳиндустон ба қайд гирифта шудаанд. Вазир пешниҳод намуд, ки имкониятҳои маҳаллисозии истеҳсолоти Ҳиндустон дар қаламрави Қазоқистон баррасӣ намуда шаванд ва гурӯҳи кории муштарак барои муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ таъсис дода шавад.
Ҷонибҳо рушди иқтидори кадрӣ ва барномаҳои таълимиро дар доираи Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) муҳокима намуданд, ки ба туфайли он мутахассисони қазоқистонӣ дар клиникаҳои пешрафтаи Ҳиндустон таҷрибаомӯзӣ ва омӯзиш мегиранд.
Ба ҳамкорӣ дар соҳаи аюрведа ва тибби анъанавӣ диққати махсус дода шуд. Созишномаи лоиҳаи Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ байни Вазорати тандурустии Қазоқистон ва Вазорати AYUSH Ҳиндустон, ки табодули мутахассисон, таҳқиқоти муштарак ва барномаҳои таълимиро пешбинӣ мекунад, ба анҷом расид. Ба гуфтаи вазир, имзои ин санад як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои башардӯстона ва илмӣ хоҳад буд.
Акмарал Алназарова инчунин Ҳиндустонро даъват намуд, ки дар фаъолияти котиботи Эътилофи кишварҳо оид ба кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ, ки дар Қазоқистон дар якҷоягӣ бо созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) таъсис дода мешавад, фаъолона иштирок кунад. Вазир ба ҷониби Ҳиндустон пешниҳод намуд, ки имконияти дастгирии коршиносон ва молиявии ин ташаббусро баррасӣ кунад.
Мулоқот, ба андешаи Алназарова, ба рушди шарикии Қазоқистон ва Ҳиндустон ба манфиати саломатӣ ва некӯаҳволии халқҳои ҳарду кишвар такони нав мебахшад.
Аксҳо: Вазорати тандурустии ҶҚ
