Душанбе, 06 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба ифтихори 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Дар паёми табрикотии худ Сарвари давлат зикр намуданд, ки 6 ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул карданд. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намуд.
«Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд. Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар кишвар сулҳу оромӣ, волоияти қонун ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардидааст», — таъкид доштанд Пешвои миллат.
Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки имрӯз Тоҷикистон дар асоси Конститутсия ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолият намуда, бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили муҳими сайёра — аз ҷумла амният, об, энергетика, муҳити зист ва рушди зеҳни сунъӣ — саҳми арзанда мегузорад.
«Ин дастовардҳо маҳсули ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва риояи Конститутсия мебошанд. Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия ҳамчун бахтномаи давлат ва санади муқаддаси миллат эҳтиром гузорад ва моҳияти онро ба фарзандони худ аз кӯдакӣ биомӯзонад», — гуфтанд Президенти кишвар.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳифзи истиқлолу озодӣ, ваҳдату субот ва татбиқи меъёрҳои Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, танҳо тавассути саъю талоши аҳлонаву муттаҳидона, иҷрои қонун ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавон ба зиндагии шоиста ва ояндаи ободу пешрафта ноил гардид.
Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳамватанонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик намуда, барои ҳар як оила сулҳу осоиш, иқболи нек ва ба Тоҷикистони азиз — суботи сиёсӣ, пешрафт ва комёбиҳои нав таманно карданд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
АКС: аз манбаъҳои боз
