Душанбе, 06 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе 4 ноябр ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсози байниминтақавии Тоҷикистону Узбекистон ва вохӯрии роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар баргузор гардид. Ин нишаст бо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир шуда, ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ бахшида шуд.

Дар кори ҷаласа муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ва муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон — сардори Департаменти ҷустуҷӯ ва фаъолияти оперативии ВКД Узбекистон Аюбхон Раҳматуллоев иштирок намуданд.
Таваҷҷуҳи асосии иштирокчиён ба тақвияти ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои умумӣ ва такмил додани фаъолияти ҷустуҷӯӣ равона гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории муштарак дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм, табодули иттилоот ва чораҳои ҳамоҳангшуда барои пешгирии таҳдидҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки густариши ҳамкории амалӣ миёни ВКД Тоҷикистон ва Узбекистон на танҳо ба таҳкими суботу амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, балки ба пойдории амнияти тамоми минтақа мусоидат мекунад.
Иштирокчиён инчунин пешниҳодҳо оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо-ро муҳокима карданд. Ҷонибҳо омодагии худро ба табодули таҷриба, анҷом додани амалиётҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои оперативӣ иброз доштанд.
Дар баробари ин, тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҷонибҳо ташаббусҳоро оид ба баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ миёни мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ҷонибдорӣ карданд, ки ин рамзи дӯстӣ ва эътимоди байни мардумони Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.
Ин ҷаласа аз сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсӣ барои таҳкими шарикии ду кишвар ба хотири сулҳ, субот ва амнияти минтақа шаҳодат медиҳад.
Акс: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
