Иқтидори сармоягузории Қазоқистон дар конфронси Лондон муаррифӣ шудааст – ИА Караван Инфо
Иқтидори сармоягузории Қазоқистон дар конфронси Лондон муаррифӣ шудааст

Лондон, 6 ноябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Муовини Вазири иқтисоди миллии ҶҚ Асан Дарбаев дар конфронси байналмилалии Kazakhstan Capital Markets Day 2025 дар Лондон суханронӣ намуд. Вай иқтидори сармоягузории кишвар ва дастовардҳои рушди иқтисодиро муаррифӣ намуд.

Ба гуфтаи Дарбаев, афзоиши воқеии ММД Қазоқистон дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 6,3% – ро ташкил дод. Ҳадафи миёнамӯҳлат расидан ба ҳаҷми ММД 450 миллиард доллар то соли 2029 мебошад. Қазоқистон рейтинги сармоягузориро аз агентиҳои пешрафтаи байналмилалӣ нигоҳ медорад.

Муовини Вазир рушди инфрасохтори нақлиётӣ – логистикиро, аз ҷумла 5 коридори байналмилалии роҳи оҳан ва 8 долони автомобилӣ қайд намуд. дар МФСА зиёда аз 3500 ширкат аз 80 кишвар бо ҳаҷми умумии сармоягузорӣ зиёда аз 14 миллиард доллар ба қайд гирифта шудааст.

Аксҳо: Вазорати иқтисоди миллии ҶҚ

error: