Остона, 4 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сунгат Есимхонов ва директори Генералии Ассотсиатсияи “KAZENERGY” Жандос Нурмаганбетов ба Ҷумҳурии Корея сафари корӣ анҷом доданд. Сафари ташкилнамудаи бонки осиёии рушд (БОР) ба баланд бардоштани салоҳият дар идоракунии дороиҳои гидроэнергетикӣ ва омӯзиши иқтидори ҳамкорӣ дар рушди гидроэнергетика равона намуда шуд.

Ҳайат дар барномаи техникии омоданамудаи корпоратсияи захираҳои оби Корея (K-water) дар шаҳри Тэджон иштирок намуд. Барнома омӯзиши масъалаҳоро дар бар мегирифт:
- Сиёсати захираҳои об.
- Технологияҳои муосири гидроэнергетика.
- Равишҳо барои татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои НБО- и миёна.
Дар доираи сафар сафарҳои омӯзишӣ ба маркази Ҳамгирошудаи идоракунии захираҳои оби K-water ва сарбанди бисёрмақсадии Тэджон (Daecheong Dam) баргузор шуданд.
Инчунин, бо ширкатҳои бузурги энергетикии Корея: Korea Midland Power Co. Ltd. (KOMIPO), Korea South-East Power Co. Ltd., (KOEN), Korea Hydro & Nuclear Power Co., Ltd (KHNP) ва Korea Overseas Infrastructure & Urban Development Corporation (KIND) гуфтушунидҳо баргузор шуданд.
Ҷонибҳо дурнамои татбиқи якҷояи лоиҳаи гидроэнергетикии каскадиро дар ҷанубу шарқи Қазоқистон баррасӣ намуданд.
Аксҳо: Вазорати энергетикаи ҶҚ
