Остона, 4 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Бо супориши Қасим-Жомарт Токаев, алоқаи мустақими ҳавоӣ байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Сербия оғоз ёфт. Маросими тантанавӣ ба муносибати оғози парвоз дар фурудгоҳи Байналмилалии Нурсултон Назарбоев баргузор шуд.

Дар маросим муовини Вазири нақлиёти ҶҚ Талгат Ластаев, президенти ширкати ҳавопаймоии «SCAT» Владимир Денисов, Сафири Сербия дар Қазоқистон Владимир Йовчич ва муовини аввали раиси идораи фурудгоҳи Байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Руслан Пиштанов иштирок намуданд.
Созишнома дар бораи кушодани алоқаи мустақим дар доираи сафари Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ба Сербия ба даст омад.
Пас аз расидани ҳавопаймо ба Белград, ҳайати қазоқистонро бо супориши Президенти Сербия Александр Вучич спикери Ассамблеяи Халқии Сербия Ана Брнабич ва муовини вазири нақлиёт Веритса Еменитса пешвоз гирифтанд.
Ноиби вазир Талгат Ластаев қайд намуд, ки масири нав як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳост ва барои ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии байни халқҳо имкониятҳои бештар фароҳам меорад.
Аксҳо: Вазорати нақлиети ҶҚ
