Остона, 4 ноябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Бо дастгирии Вазорати маориф ва иттиҳоди Байналмилалии айтис ва жирши-термеши айтиси ҷумҳуриявии ақинҳои ҷавон дар байни мактаббачагони “Қола домбира” баргузор шуд. Ин сол мусобиқаи эҷодӣ дар мавзӯи “Жасанда интеллект пен енбек адами” (Зеҳни сунъи ва одами меҳнаткаш) баргузор шуд.

Дар айтис 22 шоири ҷавони аз синни 10 то 18-сола аз 20 минтақаи кишвар иштирок намуданд.
Мақсади асосии чорабинӣ маъмулгардонии санъати миллӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва рушди қобилиятҳои импровизатсионии онҳо мебошад.
Аз руи чамъбасти айтис Инжу Жанабай (вилояти Жамбул) сохиби Гран-при ва унвони «Қола домбира» гардид.
- Ҷои I-ро Нурислом Рагат (вилояти Костанай) ишғол намуд.
- Ҷои II-ро Акнур Зинулло (вилояти Алмаато) ва Мейирҷон Баршинбай (вилояти Павлодар) тақсим намуданд.
- Ҷои III байни Айган Максутканова (шаҳри Остона), Белес Отепберген (вилояти Актюбинск) ва Айша Бактияр (шаҳри Шимкент) тақсим намуданд.
Ба ҳамаи иштирокчиён номаҳои сипосгузорӣ ва ҷоизаҳои пулӣ супорида шуданд ва мураббиёни ақинҳо номаҳои сипоси вазири маърифати Ҷумҳурии Қазоқистонро гирифтанд. Шоирони ҷавон низ бо ҷоизаҳои махсус сарфароз гардонида шуданд.
Аксҳо: Вазорати маорифи ҶҚ
