Дар Қазоқистон аввалин полигони карбонии агроклиматӣ «Kaz Agro Carbon»  кушода шуд – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон аввалин полигони карбонии агроклиматӣ «Kaz Agro Carbon»  кушода шуд

ОСТОНА, 05 ноябр АИ «Караван Инфо». Академияи миллии илмҳои ҶҚ дар назди Президенти Қазоқистон аввалин полигони карбонии агроклиматии кишварро «Kaz Agro Carbon» кушод. Он дар заминаи маркази Илмӣ-истеҳсолии хоҷагии ғалладонагии ба номи А. И. Бараев бо иштироки маркази илмии Федералии агроэкологияи РАН таъсис дода шуд.

Полигон бо истгоҳҳо ва сенсорҳои муосир барои назорати тамоми сол аз тавозуни карбонии хок, ҷараёни CO₂ ва CH₄, инчунин шароити обу ҳаво муҷаҳҳаз намуда шудааст. Дар ин ҷо олимони Қазоқистон ва Русия технологияҳоро барои коҳиш додани партовҳо ва афзоиши азхудкунии гази карбон дар агроэкосистемаҳо таҳия хоҳанд намуд.

Тибқи арзёбии коршиносон, иқтидори секвестри карбон дар Қазоқистон солона ба 535 миллион тонна мерасад, ки метавонад ба иқтисодиёти кишвар тавассути савдои квотаҳои карбон то 25 миллиард доллар фоида орад. Полигон пойгоҳи сертификатсияи карбонҳои захирашуда ва ташкили бозори миллии воҳидҳои карбон хоҳад буд, ки барои деҳқонон ва рушди устувори бахши аграрӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Аксҳо: академияи миллии илмҳои ҶҚ

error: