Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ноябр дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа, дар Ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ пояи асосии таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои пайвастаи Тоҷикистон дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Сармояи инсонӣ — меҳвари сиёсати иҷтимоии кишвар
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегия дарозмуддат дар соҳаи маориф амалӣ мешаванд, ки нақши калидӣ дар рушди иҷтимоии кишвар доранд. Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат барои таъмини фаъолияти самарабахши муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ пурра бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) ҳамоҳанг буда, ба таҳкими сармояи инсонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳама қишрҳои ҷомеа равона шудаанд.
Ба иттилои Сарвари давлат, дар ду даҳсолаи охир дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, ки ин нишонаи сиёсати фаъолона ва устувори иҷтимоии давлат мебошад.
Пайванди рушди иҷтимоӣ ва муҳити зист
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ ба ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи табиат бо мақсади беҳбуди зиндагии мардум пайваста чораҳо меандешад.
Пешвои миллат изҳор доштанд:
“Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, аз ҷумла барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем.”
Технологияҳои сабз ва зеҳни сунъӣ — омили рушди устувор
Сарвари давлат ҳамчунин ба гузариш ба иқтисоди “сабз”, рушди энергияи “сабз” ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон ишора намуданд.
Зимнан, Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон Қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул намудааст, ки метавонад ба пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақа мусоидат намояд.

Даъват ба ҳамгироии ҷаҳонӣ барои рушди иҷтимоӣ
Дар анҷом Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки талошҳои кишварҳо барои фароҳам овардани шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ муттаҳид гарданд. Ӯ таъкид намуданд, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор бояд бо иродаи муштарак ва якдилона таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
