Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар Давҳа – ИА Караван Инфо
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар Давҳа

Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ноябр дар ҳошияи Ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкории судманд ва таҳкими шарикии стратегии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз сатҳи муназзами мулоқотҳои сатҳи олӣ ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯйи иродаи қавии сиёсӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Покистон мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба тавсеаи равобити дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд. Ҷонибҳо барои тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони иқтисодиву табиӣ, таъкид шуд, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар бояд аз ин зарфиятҳо ба таври ҳамаҷониба истифода намоянд. Дар ин замина, таъсиси Шӯрои муколамаи стратегӣ ва фаъол гардидани дигар абзорҳои ҳамкории дуҷониба қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъол намудани фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ин иқдом, ба таъкиди ҷонибҳо, ба тавасеаи ҳамкориҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва тавсеаи шарикии стратегии Тоҷикистону Покистон таъкид намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: