Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон консорсиуми миллии 5G таъсис дода мешавад, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва операторони асосии мобилиро муттаҳид месозад.
Ҳадафи он — ҳамоҳангсозии татбиқи технологияҳои насли панҷум, ягонасозии стандартҳо, кам кардани хароҷот ва суръат бахшидани рушди рақамии кишвар мебошад.

Дар ин бора раиси Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло маълумот дод.
Ба гуфтаи Исфандиёри Саъдулло, консорсиум барои бартараф кардани такрори сармоягузориҳо, ҳамоҳангсозии басомадҳо ва муттаҳид сохтани меъёрҳои техникии 5G таъсис меёбад.
«Имрӯз баъзе операторон аллакай 5G-ро дар баъзе ноҳияҳо фаъол кардаанд, вале набудани меъёрҳои ягона метавонад боиси парокандагӣ ва хароҷоти зиёдатӣ гардад. Консорсиум имкон медиҳад, ки иқдомҳо якҷоя, ҳамоҳанг ва бо меъёрҳои ягона амалӣ гарданд», — гуфт ӯ.
Ин ташаббус ҷойгузини лоиҳаҳои ҷорӣ нест, балки онҳоро муттаҳид ва самаранок мегардонад. Кори аъзои консорсиум дар бахшҳои муҳими зерин марказӣ ҳамоҳанг карда мешавад:
- тақсими басомадҳо ва назорати радиомониторинг,
- муқаррар намудани меъёрҳои ягонаи техникӣ,
- истифодаи ҳамоҳангшудаи инфрасохтор,
- назорати сифат ва пешгирии халалҳо.
Операторон озодии фаъолиятро нигоҳ медоранд, вале бояд шартҳои консорсиум ва меъёрҳои ягонаи техникӣ-ро риоя кунанд.
«Ягонасозии басомадҳо ва стандартҳо барои самаранокӣ ва мутобиқшавии шабакаҳо муҳим аст», — таъкид намуд Исфандиёри Саъдулло.
Минтақаҳои озмоишии 5G аллакай дар қисматҳои Душанбе ва дигар шаҳрҳо фаъоланд. Дар панҷ соли оянда нақша аст, ки то 50% аҳолӣ фаро гирифта шавад.
Оғози пурраи тиҷоратии 5G то охири соли 2026 пешбинӣ шуда, фарогирии умумимилалӣ то соли 2030 идома меёбад.
Шаҳрвандон аз суръати баланд (то як гигабит дар сония), таъхири ками сигнал, сифати устувор ва дастрасӣ дар ҷойҳои бе шабакаи симӣ баҳра хоҳанд бурд.
Бизнес имкони истифодаи шабакаҳои корпоративии 5G, татбиқи Интернети ашё (IoT), автоматикунонӣ, AR/VR ва системаҳои идоракунии рақамиро пайдо мекунад.
Идораҳои давлатӣ метавонанд хизматрасониҳои рақамӣ, телемедицина, таҳсилоти фосилавӣ, мониторинг ва амнияти ҷамъиятиро дар заминаи 5G рушд диҳанд.
Маблағгузории рушди шабакаи 5G аз ҳисоби сармояи дохилии операторон, буҷети давлатӣ, қарзҳо ва грантҳои байналмилалӣ, инчунин сармоягузории ширкатҳои истеҳсолкунанда ва шарикони хориҷӣ амалӣ мегардад.
Ташкили консорсиуми миллии 5G — қадами муҳими стратегӣ дар роҳи сохтмони Тоҷикистон ҳамчун кишвари рақамӣ аст. «Мо мехоҳем, ки 5G танҳо як технология набошад, балки заминаи инноватсия, илм ва таҳсилоти рақамӣ гардад», — ҷамъбаст кард Исфандиёри Саъдулло.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
