Нафаси тоза ба таърих: ҳуҷраи кории Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид – ИА Караван Инфо
Нафаси тоза ба таърих: ҳуҷраи кории Садриддин Айнӣ навсозӣ гардид

Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 4 ноябр маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории таҷдидшудаи нахустин президенти Академияи фанҳои ҷумҳурӣ, мутафаккири бузург, донишманд ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик — устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Ин иқдом рамзи арҷгузорӣ ба шахсияти таърихӣ ва эҳтиром ба пояҳои илм ва фарҳанги миллӣ мебошад. Зимни маросим таъкид гардид, ки фаъолияти илмӣ ва адабии устод Айнӣ оғози марҳалаи нави худшиносӣ ва адабиёти тоҷик гардид.

Навсозии ҳуҷраи корӣ танҳо як амалияи таъмир нест, балки таъсиси маркази таълимӣ ва таҳқиқотӣ барои донишҷӯён, магистрантон ва меҳмонони академия ба шумор меравад. Дар ин ҷо маводи таърихӣ, нусхаҳои дастнавис, аксҳо ва ёдгориҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти устод гирдоварӣ шудаанд.

Ҳуҷра бо нигоҳ доштани муҳити аслии он — маконе, ки соли 1951 устод Айнӣ ҳамчун нахустин академик фаъолияташро оғоз намуда буд — таҷдид гардид.

Татбиқи чунин ташаббусҳо самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба шахсиятҳои фарҳангӣ ва эҳёи мероси таърихиву адабӣ равона шудааст.
Ин сиёсати устувор шароити мусоид барои эҳё ва рушди муҳити таърихиву маънавӣ дар муассисаҳои илмии кишвар фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар ин рӯз Ганҷинаи мероси адабӣ низ бо таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Ин ганҷина ҳанӯз соли 1971 бо ибтикори устодон Насирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Хуршеда Отахонова таъсис ёфта, имрӯз бо технологияи нав таҷҳизонида шудааст.

Таҷҳизоти замонавӣ имкон медиҳад, ки дастнависҳо ва ҳуҷҷатҳои таърихии миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ ҳифз ва рақамисозӣ шаванд, то дастрасии осон барои муҳаққиқон таъмин гардад.

Навсозии ҳуҷраи кории устод Айнӣ ва таҷдиди Ганҷинаи меросӣ на танҳо омили рушди илм ва фарҳанг, балки пайванди устувор миёни гузашта ва имрӯз мебошад. Ин иқдомҳо боиси тақвияти худшиносии миллӣ, таҳкими пояҳои илм ва омӯзиши амиқи мероси адабии тоҷикон мегарданд.

АКС: НИАТ «ХОВАР»

error: