Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 4 ноябр Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ» оғоз гардид.

Ин чорабинӣ ба ифтихори 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик, ҳакими ҷаҳонӣ ва табиби оламшумул Абуалӣ ибни Сино баргузор мешавад.
Ҳадафи симпозиум ин аст, ки платформае барои мубодилаи дониш, муҳокимаи илмӣ ва рушди тадқиқоти илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва табиӣ фароҳам оварда шавад, ҳамзамон мустаҳкам намудани робитаҳои таҳқиқотӣ байни донишгоҳҳо ва муассисаҳои академӣ, ва ҷустуҷӯи шарикони байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар оянда таъмин гардад.
Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар кори симпозиум донишмандони маъруфи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд.
Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки мероси илмӣ ва фалсафии Ибни Сино на танҳо бахше аз таърихи илму фарҳанги тоҷикон, балки арзишҳои умумибашариро таҷассум менамояд. Андеша ва таҳқиқоти ӯ дар заминаи табиат, инсон, ахлоқ, мантиқ ва маърифат то имрӯз низ ба инкишофи илм ва фарҳанги муосир таъсири амиқ мегузоранд.
Саҳми Ибни Сино дар ташаккули илмҳои тиббӣ, фалсафӣ, мантиқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин дар устувории робитаҳои фарҳангии Шарқу Ғарб бениҳоят арзишманд арзёбӣ мешавад.
Дар доираи симпозиум муҳаққиқон ва олимон мавзӯъҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд:
- нақши Ибни Сино дар рушди илм ва фалсафа дар асрҳои миёна;
- аҳамияти осори ӯ барои рушди илм ва тиби муосир;
- омӯзиши дастхатҳо ва сарчашмаҳои таърихии боэътимод вобаста ба осори энсиклопедии ҳаким;
- робитаҳои илмӣ ва фарҳангии халқҳои минтақа дар асрҳои миёна;
- мақом ва нақши Ибни Сино дар тамаддуни ҷаҳонӣ.
Ба таъкиди муҳаққиқон, баррасии ин мавзӯъҳо барои шинохти амиқтари шахсияти донишманд ва татбиқи таҷрибаи ӯ дар замони имрӯза аҳамияти хоса дорад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба эҳёи шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва арзишҳои миллӣ равона шудааст, заминаи мусоид барои баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ фароҳам овардааст.
Ин иқдом на танҳо ба шахсияти Ибни Сино арҷ мегузорад, балки таҳкими худшиносии миллӣ ва нигоҳ доштани робитаи наслҳои илмиро таъмин мекунад.
Муҳаққиқон таъкид намуданд, ки шахсияти Ибни Сино, ки рамзи хирад, инсондӯстӣ ва ҷустуҷӯҳои доимии илмӣ мебошад, пайванди ҳамешагии илм, ахлоқ ва тамаддуни башариро таҷассум мекунад.
Осори ӯ, аз ҷумла «Қонуни тиб», «Китобуш-шифо» ва «Ишорот ва танбеҳот», то имрӯз дар донишгоҳҳои маъруфи ҷаҳон тадрис карда мешаванд ва пули маънавӣ миёни Шарқу Ғарб ба ҳисоб мераванд.
Абуалӣ ибни Сино ба ҳаққони бузургтарин олим, фаласуфа ва табиби тоҷик ба шумор меравад. Ӯ зиёда аз 450 асар таълиф намудааст, ки то имрӯз тақрибан 240 асар ба мо расидааст. Аз инҳо 150 асар ба фалсафа ва зиёда аз 40 асар ба тиб марбут мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
