Душанбе, 05 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шоҳроҳи муҳими стратегӣ — «Душанбе – Чанок», ки пойтахтро бо минтақаҳои шимолии кишвар ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мепайвандад, барфи шадид идома дорад. Тавре дар Филиали Ҷамъияти саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баландии барф дар баъзе қитъаҳо, аз ҷумла дар атрофи нақби «Истиқлол», то 15 сантиметр мерасад.

Тозакунии роҳ дар реҷаи пурзӯр ба роҳ монда шудааст
Пас аз оғози боришоти барф, кормандони IRS ба реҷаи шабонарӯзии фаъолият гузаштанд. Айни ҳол, роҳ аз барф тоза ва рӯи он бо маводи зиддилағзиш коркард мегардад, то ҳаракати бехатари нақлиёт таъмин шавад. Масъулони филиал изҳор доштанд, ки мақсади асосӣ — нигоҳ доштани ҳаракати мунтазам ва амни нақлиёт дар тамоми масири роҳ, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ мебошад.
Даъват ба эҳтиёт ва риояи қоидаҳои роҳ
Филиали IRS аз ронандагон даъват менамояд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намоянд ва ҷони худу дигаронро зери хатар нагузоранд. Хусусан ронандагоне, ки мошинҳояшон ба зимистон омода нестанд, бояд аз сафар худдорӣ кунанд.
Тавсияҳо ба ронандагон:
- ҳолати техникии воситаи нақлиётро, махсусан батареяро бодиққат санҷанд;
- шинаҳои зимистона насб намоянд, ронандагони мошинҳои боркаш бояд занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд;
- фосилаи ҳаракатро дар муқоиса бо мавсими гарм зиёдтар нигоҳ доранд;
- дар сурати омода набудани нақлиёт ба мавсими сармо — аз сафар худдорӣ намоянд;
- тавсияҳои кормандони IRS, БДА, ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро, хусусан ҳангоми хатари лағзиши барф, ярч ва сангреза, ҳатман иҷро намоянд.
Таъкид мешавад, ки нақлиётҳои бе меҳвари пешбаранда ё бе таҷҳизоти зимистона на танҳо бо мушкил рӯ ба рӯ мешаванд, балки барои дигар воситаҳои нақлиёт низ монеа эҷод мекунанд.
Пешгӯии обу ҳаво ҳанӯз номусоид аст
Тибқи иттилои Агентии метеорологияи Тоҷикистон, аз 2 то 5 ноябр дар ҷумҳурӣ боришоти борон ва барф пешбинӣ шуда, ҳарорати ҳаво бинобар ворид шудани оммаи ҳавои сард ба таври назаррас паст мегардад. Бо дарназардошти ин, хадамоти роҳ ва мақомоти фавқулодаи кишвар дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки эҳтиёткорӣ ва интизоми ронандагон омили асосии таъмини амнияти ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва зимистона мебошад.
АКС: аз манбаъҳои кушода
