ОСТОНА, 04 ноябр АИ «Караван Инфо». Дар Остона конфронси байналмилалии “Барои ҳар як кӯдаки Қазоқистон – беҳтарин оғоз” баргузор шуд, ки дар он нақшаи Мукаммали рушди кӯдакони синни хурдсол ва дахолати барвақтии “Сетти бастау” барои солҳои 2025-2027 ба имзо расид. Барнома дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ амалӣ намуда мешавад ва ба ташаккули системаи мукаммали дастгирии кӯдак аз рӯзҳои аввали ҳаёт равона шудааст.

Нақша шаш самти афзалиятнокро дар бар мегирад: такмили қонунгузорӣ, рушди салоҳиятҳои касбӣ, васеъ намудани дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ, маблағгузории устувор ва дастгирии малакаҳои волидайн, аз ҷумла оилаҳои эҳтиёҷоти махсус.
Вазири тандурустӣ Акмарал Алназарова қайд намуд, ки давлат тадбирҳои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдаконро пайваста тақвият медиҳад: маблағгузории тибби кӯдакон аз соли 2020 беш аз ду баробар афзуда, сатҳи фавти кӯдакон ба ҳадди ақали таърихӣ расидааст.
Имрӯз дар Қазоқистон 240 маркази дахолати барвақтӣ фаъолият мекунад ва аз соли 2025 бо дастгирии ЮНИСЕФ системаи мониторинги рушди кӯдакон ба кор медарояд. Ба гуфтаи вазир, “Сетти бастау” қадами муҳим дар баланд бардоштани сифати зиндагии кӯдакон ва таҳкими арзишҳои оилавӣ хоҳад буд.
Сурат: ВТ ҶҚ
