Дар Қазоқистон филиали донишгоҳи экспертизаи судии ҳиндустон кушода мешавад
Остона, 03 ноябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Дар заминаи Академияи идоракунии ВКД ҶҚ филиали донишгоҳи Миллии илмҳои судӣ NFSU (Гандинагар, Ҳиндустон) кушода мешавад. Созишномаи дахлдорро вазири илм ва таҳсилоти олӣ Саясат Нурбек, муовини Вазири корҳои дохилӣ Айдар Сайтбеков ва бақайдгирандаи иҷроияи NFSU Шри Ҷадежа имзо намуданд.

Филиал мутахассисони соҳибихтисосро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дар соҳаи киберамният, криминалистикаи рақамӣ, экспертизаи судӣ ва тафтишоти ҷиноятӣ тайёр мекунад. Ҷонибҳо инчунин дар бораи оғози барномаҳои дипломии дугона ба мувофиқа расиданд.
Сурат: ВКД ҶҚ
