Душанбе, 03 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Шаби 3 ноябр сокинони Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин як қатор минтақаҳои Ӯзбекистон ларзиши сахти заминро эҳсос карданд, ки дар натиҷаи зилзилаи пурқувват дар шимоли Афғонистон ба амал омад.

Ба иттилои Хадамоти геологии ИМА (USGS), зилзилаи шиддаташ 6,3 дараҷа дар масофаи 35 километр ҷанубу ғарбтар аз ноҳияи Хольм дар вилояти Самангони Афғонистон рух додааст. Манбаи он дар чуқурии тақрибан 10 километр ҷойгир буда, сабаби эҳсоси қавии ларзиш дар сатҳи замин гардид.
Тибқи маълумоти Маркази пешгӯии сейсмологии Ӯзбекистон, шиддати зилзила дар маркази он то 7 балл расид. Ларзиши замин дар вилояти Сурхандарё бо қувваи 5 балл, дар Қашқадарё — 3–4 балл, дар Самарқанд — 3 балл, ва дар Тошканд — 2–3 балл эҳсос шудааст.
Дар қаламрави Тоҷикистон ларзиши замин асосан дар ҷануб ва маркази кишвар эҳсос гардид. Сокинони шаҳри Душанбе аз ҷунбидани мебел ва ларзиши кӯтоҳмуддати деворҳо хабар доданд. Бар асоси иттилои пешакӣ, аз талафоти ҷонӣ ё харобӣ хабар дода нашудааст.
Коршиносон ёдовар мешаванд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз нуқтаҳои фаъолтарини сейсмикӣ дар қитъаи Авруосиё ба шумор меравад, зеро дар ин ҷо плитаҳои тектоникии гирди кӯҳҳои Ҳиндукуш ва Помир ба ҳам бармехӯранд.
Муттахассисон аз аҳолӣ даъват мекунанд, ки ҳангоми чунин ҳодисаҳо қоидаҳои амнияти зилзила-ро риоя намуда, омодагии биноҳо ва иншоотҳоро ба ларзишҳои эҳтимолӣ мунтазам санҷанд.
АКС: аз манбаъҳои боз
