Дар Алмаато TurkiCUP-и байналмилалӣ байни дастаҳои ҷавонони КВН баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Дар Алмаато TurkiCUP-и байналмилалӣ байни дастаҳои ҷавонони КВН баргузор шуд

ОСТОНА, 01 ноябр АИ «Караван Инфо». Дар Алмаато бозии байналмилалии КВН TurkiCUP дар доираи лоиҳаи “Алмаато – пойтахти ҷавонони ҷаҳони туркӣ” баргузор шуд. Дар ин мусобиқа дастаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркия ширкат намуданд.

Ин мусобиқа ба таҳкими дӯстии байни кишварҳои туркзабон ва рушди робитаҳои фарҳангии ҷавонон, инчунин маъмулгардонии лоиҳаи “Жайдарман” дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст. Ғолиб дастаи “Рудний”, ҷои дуюмро намояндагони Қирғизистон ва ҷои сеюмро Туркия ишғол намуданд. Фонди ҷоиза 3 миллион тенгеро ташкил дод.

Аксҳо: Вазорати Фарҳанги ҶҚ

error: