Душанбе, 01 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҷалби тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистону дар тамоми вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар бо иҷрои пурраи нақша ба анҷом расид. Дар ин бора ба АИ «Корвон Иттилоот» аз Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз рӯзҳои аввали маърака, ки аз 1 октябр оғоз шуд, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда нақшаро пурра иҷро карданд.
Ин натиҷа бо сатҳи баланд будани ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо аҳолӣ ва кори самараноки комиссияҳои даъватӣ вобаста дониста мешавад.
Пас аз ВМКБ, чор ноҳияи шаҳри Душанбе низ нақшаро дар муддати кӯтоҳ иҷро намуданд.
Шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон низ бо масъулияти баланд маъракаро пеш аз муҳлат ҷамъбаст карда, густариши фарҳанги хизмати ҳарбиро дар минтақа нишон доданд.
Вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ маъракаро дар муҳлатҳои муқарраршуда ҷамъбаст карданд, ки далели устувории низоми омодагӣ ва ҳамоҳангии сохторҳои масъул мебошад.
Вазорати мудофиа таъкид мекунад, ки иҷрои босифати ҷалб пеш аз ҳама ба роҳ мондани корҳои тавзеҳӣ вобаста аст.
Дар он шаҳру ноҳияҳое, ки мақомоти маҳаллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҳамкории наздик бо аҳолӣ зоҳир мекунанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ мегузаронанд, сатҳу сифати ҷалб хеле баланд мемонад.
Ҳамасола теъдоди ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, зиёд мешавад. Ин раванд далолат медиҳад, ки эътимоди ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳ боло рафта, мақоми хизмати ҳарбӣ дар ҷомеа таҳким меёбад.
АКС: Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
