Душанбе, 03 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзи 2 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АИ «Корвон Иттилоот» хабар доданд, ин чорабинӣ ҷузъи муҳими робитаҳои фарҳангии ду кишвар мебошад.
Дар маросими ифтитоҳӣ ба меҳмонон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳунармандони чинӣ пешкаш мегардад, ки гуногунрангии мероси фарҳангии Чинро инъикос мекунад.
Дар доираи ин чорабинӣ мулоқоти вазирони фарҳанги ду кишвар баргузор мегардад. Ҷонибҳо самтҳои нави ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, барои рушди робитаҳои гуманитарӣ ва таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.
Меҳмонони Чин ҳамчунин аз ёдгориҳои фарҳангиву таърихии шаҳри Душанбе боздид мекунанд ва сипас ба шаҳри Бохтар сафари корӣ анҷом дода, барои сокинон барномаи фарҳангӣ пешниҳод менамоянд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки муколамаи байнифарҳангӣ бояд барои табақаҳои гуногуни ҷомеа дастрас гардад.
Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи табодули фарҳангӣ амалӣ мегарданд. Дар даҳсолаҳои охир ин робитаҳо ба сатҳи мунтазам ва мунсифона расидаанд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019 ва 2025 баргузор шуданд. Чин бошад, соли 2007 ва 2014 фарҳанги худро дар Тоҷикистон муаррифӣ намудааст. Рӯзҳои ҷорӣ оғози марҳалаи нави ҳамкории фарҳангӣ буда, ба таҳкими дӯстӣ ва фаҳмиши дуҷониба миёни мардум мусоидат мекунанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
