Соҳибкорзанони тоҷик дар «WomenCup–2025» лоиҳаҳои нав ва инноватсионии худро муаррифӣ карданд – ИА Караван Инфо
Соҳибкорзанони тоҷик дар «WomenCup–2025» лоиҳаҳои нав ва инноватсионии худро муаррифӣ карданд

Душанбе, 03 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». 1 декабр дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории шарикони рушд бахшида ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон намоиши лоиҳаҳои барномаи инкубатсионии «WomenCup – 2025» доир гардид.

Дар он занони соҳибкори тоҷик имконият пайдо намуданд, ки лоиҳаҳои худро ба ҷомеа ва сармоягузорони эҳтимолӣ муаррифӣ кунанд.

Мақсад аз баргузории намоиш – муаррифии молу маҳсулот ва хизматрасониҳои занони соҳибкор, баланд бардоштани сатҳи огоҳии занон ва ҷавонон дар бораи ислоҳоти тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва имкониятҳои молиявӣ, мубодилаи таҷриба байни соҳибкорони мамлакат ва ҷалби коршиносони сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Чорабинӣ ҳамчунин барои рушди малакаҳои занон дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди «сабз» ва таҳкими ҳамкориҳо байни занону духтарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ равона шудааст.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунафша Файзиддинзода, таъкид дошт, ки дастгирии занон, таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа, фароҳамсозии ҷойҳои нави кор ва рушди соҳибкории занон самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошанд.

Соҳибкорзанони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт – аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ ва сайёҳӣ – фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо на танҳо сатҳи зиндагии хешро баланд мебаранд, балки ба рушди иқтисодиёти кишвар низ саҳм мегузоранд.

«Дар Тоҷикистон лоиҳаҳои занони фаъол тавассути грантҳои президентӣ ва грантҳои шарикони рушд дастгирӣ меёбанд ва имконият доранд тиҷорати хурду миёна таъсис диҳанд. Барномаҳои давлатӣ низ барои баланд бардоштани нақши занон, омӯзиши касбӣ, рушди соҳибкорӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои рақамӣ заминаи нав фароҳам оварданд», – изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.

Барномаи «WomenCup-2025» равандест барои рушди иқтидор, ташаккули идеяҳои нав ва ба роҳ мондани шабакаҳои ҳамкорӣ байни занони соҳибкор.

Лоиҳаҳои пешниҳодшуда таҷассуми дониш, малака, ҷаҳонбинии пешрафта ва омодагии занони тоҷик ба рақобат дар бозорҳои муосир мебошанд. Ҳар як лоиҳа метавонад дар рушди иқтисодии маҳал ва ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузорад.

Баргузории чунин чорабиниҳо оғози марҳилаи нави рушди соҳибкории занон буда, ба таҳкими нақши онҳо дар иқтисод ва болоравии сатҳи зиндагии оилаҳо мусоидат мекунад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: