Душанбе, 04 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони “Ҳаёт бе хушунат” баргузор гардид, ки ба масъалаи пешгирии хушунат, бахусус хушунати хонаводагӣ ва хушунати онлайнӣ бахшида шуда буд. Ин ҳамоиш мавқеи муҳим барои мубодилаи таҷрибаҳо, таҳлил ва муаррифии стратегияҳо дар самти мубориза бо хушунат ба шумор меравад.

Дар кори ҳамоиш намояндагони мақомоти сатҳи шаҳр ва ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар самти ҳимоя ва дастгирии қурбониёни хушунат фаъолият мекунанд, иштирок ва суханронӣ карданд. Мавзуи асосии суханронӣ — пешгирии хушунати хонаводагӣ ва хушунати онлайнӣ — аз ҷумла масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад.
Ҳамоиш аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дастгирӣ шуда, маблағгузории он аз ҷониби Ҳукумати Финляндия амалӣ гардидааст. Ташкилоти чорабинӣ Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе бо ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Корвони умед” роҳандозӣ карда, аҳамияти ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар мубориза бо хушунат таъкид намуд.

Иштирокчиён қайд карданд, ки хушунат ягон асос ва тавҷеҳ надорад ва ҳамкории ҳамаҷониба барои пешгирӣ аз он зарур аст. Ҳамзамон, диққати махсус ба хушунати онлайнӣ, ки мавзӯи асосии маъракаи 16 рӯзи 2025 мебошад, равона карда шуд. Онҳо таъкид карданд, ки паҳншавии хушунат дар фазои виртуалӣ на танҳо ҳаёти шахсиятро зери хатар мегузорад, балки таъсири манфии иҷтимоиву равонӣ ба ҷомеа мебахшад.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён ба ҳамдигар муроҷиат намуданд: “Биёед якҷоя ба хушунат, бахусус хушунати онлайнӣ, хотима бахшем!” Ин пайғом таъкид бар он аст, ки мубориза бо хушунат вазифаи ҳамагонӣ буда, ҳамкории ҷомеа ва мақомоти дахлдорро тақозо мекунад.
АКС: UNDP in Tajikistan
