Душанбе, 04 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». 26 ноябри соли 2025 дар шаҳри Ёкоҳамаи Ҷопон Конфронси байналмилалии «Шаҳри ҳушманди Осиё – 2025» баргузор гардид, ки дар он коршиносони пешрафта ва намояндагони мақомотҳои шаҳрдорӣ аз кишварҳои гуногуни Осиё ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии конфронс муҳокимаи равишҳои муосири идоракунии шаҳрҳо, татбиқи технологияҳои рақамӣ, беҳтарсозии самаранокии энергетикӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ буд.

Дар миёни иштирокчиён директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод буд, ки таҷрибаи пойтахтро дар соҳаи рушди шаҳрҳои ҳушманд муаррифӣ намуд. Дар суханронии худ вай ба аҳамияти истифодаи технологияҳои муосир барои беҳтар кардани хизматрасониҳои шаҳрӣ, ҳамгироии платформаҳои рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон таъкид намуд.
«Барои мо мубодилаи таҷриба бо шаҳрҳои пешрафтаи Осиё, омӯзиши амалияҳои беҳтар ва мутобиқ кардани онҳо ба шароити Душанбе аҳамияти беандоза дорад», – таъкид кард Саъдӣ Самадзод. Вай инчунин лоиҳаҳои шаҳриро оид ба рақамисозии нақлиёт, назорати инфрасохтор ва татбиқи технологияҳои «сабз» муаррифӣ намуд, ки шаҳрро бароҳаттар ва экологӣ тоза мегардонанд.
Барномаи конфронс мавзӯъҳои калидиро дар бар мегирифт:
- идоракунии ҳамоҳангшудаи низоми нақлиёт;
- татбиқи энергияи барқароршаванда ва технологияҳои сарфаҷӯёна;
- истифодаи IoT ва платформаҳои интеллектуалӣ барои мониторинги муҳити шаҳр;
- баланд бардоштани сатҳи коммуникатсияи рақамӣ миёни шаҳрвандон ва мақомоти шаҳрдорӣ.
Ғайр аз лексияҳо ва презентатсияҳо, иштирокчиён дар муҳокимаҳо ва семинарҳои бахшида ба ҳамгироии технологияҳои интеллектуалӣ, трансформасияи рақамии идоракунии шаҳр ва устувории экологӣ ширкат карданд.
Конфронси «Шаҳри ҳушманди Осиё – 2025» на танҳо платформаи мубодилаи таҷриба буд, балки имконияти Душанбе барои муаррифии дастовардҳои худ дар рушди шаҳрҳои ҳушманд ва шиносоӣ бо навтарин технологияҳо ва равишҳои инноватсионӣ фароҳам овард.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки чунин чорабиниҳои байналмилалӣ касбиётии мақомотҳои шаҳрдориро такмил медиҳанд, барои таҳияи лоиҳаҳои нави шаҳрӣ мусоидат мекунанд ва дурнамоҳои ҳамкории байни шаҳрҳои Осиёро дар соҳаи рушди устувор ва рақамисозӣ боз ҳам қавитар мекунанд.
АКС: Tajikistan Embassy in Japan, Tokyo
