Қазоқистон ва Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи байторӣ густариш медиҳанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи байторӣ густариш медиҳанд

Нур-Султон, 03 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Раиси Кумитаи назорати ветеринарии ВК ҶҚ Казбек Ташимов бо директори Платформа оид ба содироти маҳсулоти кишоварзии Швейтсария Ҷеннифер Саурина гуфтушунид намуд. Ҷонибҳо таъсиси гурӯҳи кории муштарак ва такмили расмиети савдои маҳсулоти ҳайвонотро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Вазорати Кишоварзии ҶҚ.

Ҷониби қазоқистон таъкид намуд, ки барои баррасии дархостҳо барои воридот бояд рӯйхати корхонаҳои содиркунанда, маълумот дар бораи некӯаҳволии эпизоотикӣ пешниҳод намуда шавад ва инчунин мӯҳлати гузаронидани санҷишҳои муштарак муайян намуда шавад. Масъалаҳои воридоти маводи генетикӣ пас аз бекор намудани маҳдудиятҳои мавҷуда ва тасдиқи мутобиқат ба талаботи ИИАО баррасӣ намуда мешаванд.

Ҷенифер Саурина ба конструктивии гуфтушунидҳо баҳои баланд дод ва изҳори омодагӣ намуд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро зуд пешниҳод кунад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки машваратҳои техникиро барои таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва рушди ҳамкории тиҷоратӣ дар соҳаи байторӣ идома диҳанд.

Сурат: ВК ҶҚ

error: