Душанбе, 08 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Хуҷанд 03 декабр як қатор чорабиниҳо баргузор гардид, ки хотираи таърихӣ ва дурнамои ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи маориф ба ҳам овард. Маросими бахшида ба Рӯзи Сарбози Ношинос ва барномаи мубодилаи фарҳангию таълимӣ маркази ин рӯз буданд.

Намояндагони МД «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд»-и ДБССТ, устодон, донишҷӯён, инчунин магистрантҳо аз Федератсияи Россия хотираи сарбозоне, ки дар ҷабҳаҳо бедарак шуда буданд, гиромӣ доштанд.
Иштирокчиён ба ёдгории қаҳрамонон гулчанбар гузошта, бо як дақиқа хомӯшӣ хотираи онҳое, ки ҷони худро барои сулҳ ва озодӣ нисор карданд, пос доштанд.
Таъкид шуд, ки ҳифзи хотираи таърихӣ яке аз унсурҳои муҳими тарбияи ҷавонон ва арҷ гузоштан ба мероси муштараки ҷангии мардуми Тоҷикистон ва Россия мебошад.
Дар доираи густариши ҳамкориҳо, МД «Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд» барои донишҷӯён ва магистрантони тоҷик ва рус саёҳати пиёдагард ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрро ташкил намуд.
Маршрут ба омӯзиши имкониятҳои сайёҳии минтақа, табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти туристӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва академӣ равона шуда буд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин ташаббусҳо ба рушди “дипломатияи мардумӣ”, таҳкими ҳамкории таълимӣ ва амиқ гардидани фаҳмиши мутақобил миёни ҷавонони Тоҷикистону Россия мусоидат мекунанд.

АКС: Муассисаи Давлатӣ “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”
