Душанбе, 08 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти мавзӯи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногуннамудии биологӣ ва экосистемаҳои кӯҳӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи нақшаи солонаи ҳамоишҳои илмии донишгоҳ ва бо ташаббуси факултети биология доир шуд.

Муовини аввали ректор оид ба таълим, д.и.п., профессор М.М. Азизӣ кори конференсияро ифтитоҳ намуда, тағйирёбии иқлимро аз хатарноктарин мушкилоти ҷаҳони муосир донист. Ӯ зикр кард, ки паёмадҳои тағйири иқлим танҳо ба табиат маҳдуд намешаванд — онҳо ба иқтисодиёт, кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва саломатии аҳолӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Профессор Азизӣ таъкид намуд, ки маҳз минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Помир, яке аз осебпазиртарин экосистемаҳо ба ҳисоб мераванд ва тадқиқот дар ин самт аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ дорад.

Бар асоси барномаи конференсия як қатор муҳаққиқон ва омӯзгорон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад карданд:
- Абдуламонов А.Қ., н.и.к., муаллими калони кафедраи биологияи умумӣ — “Ҷамъоварӣ, ҳифз ва барқарор намудани кишти навъҳои гандуми мулоими маҳаллии Бадахшон”. Муҳаққиқ зарурати нигоҳдорӣ ва эҳёи навъҳои маҳаллӣ ҳамчун сарчашмаи арзишманди биологиро таъкид намуд.
- Холдорбеков З.С., муаллими калони ҳамон кафедра — “Интродуксия ва хусусиятҳои агробиологии кишти бектошӣ дар шароити Помир”. Маърӯза ба имконоти мутобиқшавии растанӣ ба иқлими шадиди кӯҳистон бахшида шуд.
- Мирзоева Р.Д., ассистент — “Таъсири тағйирёбии иқлим ба саломатии инсон”. Нақши афзоиши ҳарорат, бемориҳои роҳҳои нафас ва стрессҳои иқлимӣ ба тавонмандии организм баррасӣ шуд.
- Мамаднасимова Г.М., ассистент — “Ифлосшавии ҳаво ва вазъи роҳҳои нафас дар шароити тағйирёбии иқлим”. Муаллим паёмадҳои афзоиши омилҳои антропогениро барои саломатӣ тавсиф кард.
- Партовиева Б.А., магистранти соли аввал — “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба гуногунии биологӣ”. Маърӯза масъалаи камшавии захираҳои биологии минтақаҳои кӯҳиро ба таври илмӣ таҳлил намуд.
Дар ҷумлабандии конференсия миёни ҳайати профессорон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон ва меҳмонон музокироти васеъ сурат гирифт. Иштирокчиён муносибат ва пешниҳодҳои илмии худро мубодила намуда, зарурати густариши тадқиқотҳои муштарак оид ба тағйирёбии иқлимро таъкид карданд.

Конференсия бо ҳадафи таҳкими асосҳои назариявӣ ва амалии ҳифзи табиат дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
