Балхи Руми признана лучшей в международном конкурсе «Искусство книги» Китоби Президенти Тоҷикистон дар бораи бузургтарин шоир, файласуф ва устоди маънавии тасаввуфи исломӣ Мавлоно Ҷалоладдин Балхӣ Румӣ беҳтарин дар озмуни байналмилалии “Ҳунари китоб” дониста шуд – ИА Караван Инфо
Балхи Руми признана лучшей в международном конкурсе «Искусство книги» Китоби Президенти Тоҷикистон дар бораи бузургтарин шоир, файласуф ва устоди маънавии тасаввуфи исломӣ Мавлоно Ҷалоладдин Балхӣ Румӣ беҳтарин дар озмуни байналмилалии “Ҳунари китоб” дониста шуд

Душанбе, 09 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот».. Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва сивилизатсияи башар» мақоми аввалро дар номинатсияи «Мусоҳиба миёни фарҳангҳо» дар VII Озмуни байналмилалии «Ҳунари китоб» байни кишварҳои узви ИДМ соҳиб шуд. Дар ин бора ба АИ «Корвон Иттилоот» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 4 декабр дар шаҳри Маскав (Федератсияи Россия) баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинӣ муовини вазири фарҳанг, Шоири мардумии Тоҷикистон Давлат Сафар намояндагӣ кард. Дар чорабинӣ намояндагони ҳафт кишвари узви ИДМ ва зиёда аз 60 нашриёт иштирок доштанд.

Озмуни байналмилалии «Ҳунари китоб» аз соли 2004 доир мешавад ва аз ҷониби Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкории соҳаи матбуот, нашри китоб, паҳн ва полиграфия бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои узви ИДМ ташкил карда мешавад.

Китобҳои пешниҳодшуда дар номинаҳои гуногун, аз ҷумла: «Ҳамсудоӣ», «Ватани ман», «Мусоҳиба миёни фарҳангҳо», «Китоб барои кӯдакон ва наврасон», «Илм ва маориф», «Китоби тасвирӣ», «Ҳунари тасвирсозӣ» ва «Нашр дар ИДМ» баҳогузорӣ мешаванд.

Гуфтанист, ки нашриётҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун 9 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст оварданд. Пештар китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Назар ба таърих ва цивилизатсияи ориёӣ» низ дар номинатсияи «Илм ва ҳаёт» ғолиб эълон шуда буд.

Дастоварди китоби «Мавлоно ва цивилизатсияи башар» аҳамияти мусоҳибаи фарҳангӣ ва нақши адабиётро дар тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши мутақобил байни халқҳо таъкид менамояд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: