Самарқанд, 08 декабри соли 2025 АИ «Караван инфо». Конфронси Тарафҳои Конвенсияи CITES квотаи содиротии сифрро барои ҳохҳои сайгак барои Қазоқистон бекор намуд. Қарор ба кишвар имкон медиҳад, ки тиҷорати байналмилалиро бо назорати қатъӣ аз сар гирад.

Қарор дар конфронси 20-ум дар Самарқанд қабул шуд, ки дар он 111 кишвар барои пешниҳоди Қазоқистон овоз доданд. Дабири кулли CITES Ивонн Игуэро муваффақиятҳои ҷумҳуриро дар ҳифзи намудҳо қайд намуд: шумораи онҳо аз 21 ҳазор то зиеда аз 4 миллион нафар афзоиш ёфт.
“Ин натиҷаи таъсирбахш ба устувории дарозмуддати намудҳо эътимод мебахшад ва ба тарафҳо имкон дод, ки ба барқарор намудани тиҷорат розӣ шаванд” гуфт Игуэро.
Қазоқистон ӯҳдадор шуд, ки даромади содиротро барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва мониторинги экосистемаҳо равона кунад. Савдо бо истифода аз системаи миллии рақамии тамғагузорӣ ва пайгирӣ анҷом дода мешавад.
Аксҳо: Вазорати Экология ва захираҳои табиии ҶҚ
