Вазири мудофиаи Қазоқистон финалисти озмуни "Овоз. Кӯдакон" - ро табрик гуфт.
Остона, 11 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири мудофиаи ҶҚ Генерал – лейтенанти авиатсия Даурен Косанов Тарбиятгирандаи студияи кӯдаконаи “Жас сарбаз” Жасмин Тузеловро, ки дар мавсими 12-уми намоиши “Овоз. Кӯдакон” дар Москва ҷои сеюмро гирифт, табрик гуфт.

Дар мулоқот Вазир қайд намуд, ки ҷасорату ватандӯстии духтар инъикоси хусусияти падари ӯ, собиқадори ҷанги Афғонистон ва маҳорати овозӣ хидмати модар, мусиқии касбӣ мебошад.
“Он далел, ки мо чунин кӯдакони боистеъдод ва меҳнатдӯстро ба воя мерасонем, шаҳодати равшани ояндаи дурахшони кишвар аст”, — изҳор дошт Косанов.
Ба Ифтихори хидматҳояш, ӯ ба Жасмин номаи сипосгузорӣ ва тӯҳфаи арзишманд супорид. Дар ҷавоб ӯ суруди “Алия” – ро иҷро намуд.
Сурат: ВМ ҶҚ
