Оғози тозакунии анбори собиқи пеститсидҳо дар ноҳияи Кӯшониён: бартарафсозии мероси хатарноки экологӣ – ИА Караван Инфо
Оғози тозакунии анбори собиқи пеститсидҳо дар ноҳияи Кӯшониён: бартарафсозии мероси хатарноки экологӣ

Душанбе, 12 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Дар деҳаи Бобиёбоди ҷамоати Заргарии ноҳияи Кӯшониён 10 декабр корҳои тозакунии ҳудуди анбори собиқи пеститсидҳо оғоз гардид. Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин мавзеъ солҳои тӯлонӣ ҳамчун манбаи эҳтимолии хатар барои саломатии одамон ва муҳити зист боқӣ монда буд.

Анборҳои кӯҳнаи маводи кимиёвӣ, ки аз давраҳои истифодабарии васеи пеститсидҳои заҳрнок боқӣ мондаанд, то ҳол яке аз мушкилоти ҷиддии экологӣ ба шумор мераванд. Ин объект дар Кӯшониён даҳсолаҳо зери таъсири обу ҳаво хароб мегардид ва хавфи ифлосшавии хок, обҳои зеризаминӣ ва ҳаворо ба вуҷуд меовард.

Тозакунӣ дар доираи лоиҳаи «Намоиши  коркарди ғайритермии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» амалӣ мегардад, ки ҳадафаш несту нобудсозии бехатари захираҳои кӯҳнаи маводи кимиёвии махсусан хатарнок мебошад. Лоиҳа имкони ҳамкории кишварҳои минтақа бо созмонҳои байналмилалии экологиро фароҳам оварда, ба коҳиши таъсири маводи заҳрнок мусоидат мекунад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид мекунад, ки раванди безараргардонии пеститсидҳо зери назорати қатъӣ сурат гирифта, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад. Мутахассисон пайваста сифати корҳои тозакунӣ ва сатҳи бехатарии онро барои аҳолии маҳаллӣ назорат мекунанд.

Ҳамзамон бо корҳои техникии тозакунӣ миёни сокинон маъракаи иттилоотӣ гузаронида мешавад, то мардум дар бораи тарзи дурусти муомила бо моддаҳои заҳрнок ва амалҳои зарурӣ дар ҳолати ошкор шудани маводҳои шубҳанок маълумоти кофӣ дошта бошанд. Ин иқдом ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ ва коҳиши хавфҳо мусоидат менамояд.

Оғози корҳои тозакунии анбори собиқи пеститсидҳо қадами муҳим дар беҳсозии вазъи экологӣ дар ноҳияи Кӯшониён ва коҳиши нуқтаҳои хатарноки кимиёвӣ дар саросари кишвар мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: