Душанбе, 12 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». 9 декабр дар ҳошияи Конференсияи рушди молиявӣ дар шаҳри Эр-Риёз форуми махсус баргузор шуд, ки ба ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон — аз ҷумла сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ва иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ — бахшида шудааст.

Рӯйдод намояндагони ниҳодҳои бонуфузи молиявии ҷаҳони исломро ҷамъ овард ва таваҷҷуҳи афзояндаи шарикони байналмилалиро ба лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон боз таъкид намуд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода маълумоти муфассал дар бораи ҷараёни сохтмони НБО-и Роғун, вазъи маблағгузорӣ, ширкати сармоягузорони хориҷӣ ва пешрафти умумии лоиҳаро пешниҳод кард. Ҳамчунин гузориши видеоӣ оид ба рафти корҳои сохтмонӣ намоиш дода шуд.
Ба гуфтаи вазир, Роғун на танҳо лоиҳаи стратегии миллӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад ва метавонад устувории энергетикии Осиёи Марказиро таъмин намояд. Аз ин рӯ, аз шарикони байналмилалӣ даъват карда шуд, ки дастгирии худро дар марҳалаҳои минбаъдаи сохтмон фаъол намоянд.
Дар форуми Эр-Риёз намояндагони Бонки Исломии Рушд, Фонди рушдии Қатар, Фонди кувайтии рушди иқтисодии кишварҳои араб, Фонди рушди Саудӣ, Фонди байналмилалии рушди ОПЕК, Фонди рушди Абу-Дабӣ ва дигар ташкилотҳо иштирок намуданд.
Ҳамаи ин ниҳодҳои муҳим омодагии худро барои идомаи баррасии маблағгузории корҳои сохтмонӣ дар Роғун изҳор карданд ва аҳамияти стратегии онро таъкид намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш мулоқоти алоҳидаи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори минтақавии Фонди рушди Абу-Дабӣ барои кишварҳои Осиё Абдулло Алмансурӣ баргузор гардид. Ӯ изҳор дошт, ки Фонд омода аст марҳалаи минбаъдаи корҳои сохтмонии Роғунро маблағгузорӣ намояд.
Тарафҳо мувофиқат карданд, ки ҷузъиёти ҳамкорӣ ва механизмҳои иштироки Фонди Абу-Дабӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои калидии ҷумҳурӣ дар моҳҳои наздик ҳангоми ҷаласаҳои корӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
