Соли 2026 — соли созандагии миллӣ: Тоҷикистон ба марҳилаи нави таҳкими давлатдорӣ ворид мешавад – ИА Караван Инфо
Соли 2026 — соли созандагии миллӣ: Тоҷикистон ба марҳилаи нави таҳкими давлатдорӣ ворид мешавад

Душанбе, 17 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот».  Соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Дар ин хусус 16 декабр зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар изҳор гардид.

Ин иқдом дорои маънои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ буда, ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи мустақим дорад. Ҷашни истиқлол дар ин марҳила ба василаи таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносии ҷомеа ва бознигарии роҳи тайкардаи давлат табдил меёбад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2026 барои Тоҷикистон соли таърихӣ мебошад. Давлати тоҷикон дар давоми 35 соли истиқлол марҳилаҳои пурмасъулиятро паси сар намуда, имрӯз ба давраи рушди устувор ворид шудааст.

Зикр гардид, ки дар панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа муттаҳидона фаъолият намуда, барои истиқболи сазовори ин ҷашни бузурги миллӣ заминаи мустаҳкам фароҳам оварданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки корҳои ободониву созандагӣ танҳо вазифаи давлат нест, балки рисолати ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки:

  • хона ва муҳити зисти худро обод намоянд,
  • кӯчаҳо ва маҳаллаҳоро тармиму зебо созанд,
  • дар ободонии ҳар як гӯшаи кишвар саҳм гузоранд.

Ба гуфтаи Президент, созандагӣ бояд ба як амали доимӣ ва фарҳанги иҷтимоӣ табдил ёбад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки соли 2026 бояд ҳамчун намунаи фарҳанги баланди созандагии тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад:

«Ҳар як узви ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои ободии Ватан амали нек анҷом диҳад ва исбот намояд, ки мардуми тоҷик соҳиби тамаддуни бостонӣ ва фарҳанги созанда мебошад».

Дар унвони соли 2026 ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ин раванд ба баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва давлатдории миллӣ равона гардидааст.

Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ барномаи амалӣ барои ояндаи кишвар мебошад. Тоҷикистон ҷашни 35-солагии истиқлолро бо рӯҳияи созандагӣ, ваҳдат ва нигоҳ ба фардо истиқбол мегирад.

АКС: Хадамоти матбуоти Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: