Душанбе, 17 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти кишвар созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки сохтмон ва ба истифода додани корхонаи муосири ғанигардонии маъдани оҳанро пешбинӣ мекунад.

Ин санад идомаи сиёсати давлатӣ дар самти саноатикунонии босуръат ва рушди соҳаҳои коркард ба ҳисоб меравад.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, лоиҳа бо ҷалби сармояи ватанӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафта амалӣ мегардад. Корхона барои истихроҷ ва коркарди маъдани оҳан ва дигар канданиҳои ҳамроҳ, инчунин истеҳсол ва содироти маҳсулоти босифат равона шудааст.
Сохтмони корхона дар ду марҳила анҷом меёбад. Марҳилаи аввал то соли 2027 ба истифода дода шуда, марҳилаи дуюм то соли 2031 пурра ба анҷом мерасад. Иқтидори солонаи лоиҳавии корхона 2,5 миллион тонна истихроҷ ва коркарди маъданро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли консентрат то 1,1 миллион тонна дар як сол мерасад.
Ин нишондиҳандаҳо лоиҳаро ба яке аз бузургтарин тарҳҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургияи кишвар табдил медиҳанд.

Корхонаи нав ҳамзамон якчанд вазифаи стратегиро иҷро хоҳад кард. Аз як тараф, он вобастагии кишварро аз воридоти ашёи хом ва маҳсулоти металлургӣ коҳиш медиҳад, аз ҷониби дигар бошад, ба корхонаи содиротӣ табдил ёфта, мавқеи Тоҷикистонро дар бозорҳои хориҷӣ тақвият мебахшад.
Айни замон дар корҳои сохтмонӣ тақрибан 600 мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷалб шудаанд. Пас аз ба истифода додани марҳилаи аввал 1 200 ҷойи корӣ таъсис меёбад ва баъди анҷоми пурраи лоиҳа шумораи ҷойҳои кори доимӣ ба зиёда аз 2 000 мерасад, ки бо музди меҳнати рақобатпазир таъмин хоҳанд шуд.
Имзои созишномаи сармоягузорӣ ҳамчун қадами муҳим дар ҷалби сармоягузориҳои мустақими ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва саноатии мамлакат арзёбӣ мешавад. Лоиҳа ба афзалиятҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ пурра мутобиқ мебошад.
АКС: Хадамоти Матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
