Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид

Душанбе, 16 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе 15 декабр  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар ҷаласа тартиби кор, котибот ва рӯзномаи иборат аз 33 масъала тасдиқ шуд. Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо ва кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои судӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, тандурустӣ, маориф, андоз, забони давлатӣ ва хизмати дипломатиро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.

Ҳамчунин қонунҳои «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» қабул гардиданд.

Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азиззода пеш аз муҳлат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат деҳаи Тавилдара ба категорияи шаҳракҳо дохил шуда, Сомондеҳ номгузорӣ гардид.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: