Душанбе, 16 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Ширкати IMON INTERNATIONAL сазовори ҷоизаи Best First Mover («Навовари беҳтарин») аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи барномаи байналмилалии Women in Business гардид. Ин ташаббус ба густариши имкониятҳои иқтисодии занон ва рушди соҳибкории занона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Ин эътироф аз ҷониби яке аз муассисаҳои пешбари молиявии байналмилалӣ шаҳодати равшани самаранокии стратегияи дарозмуддати ширкат мебошад, ки ба рушди фарогир ва устувор нигаронида шудааст. Барои IMON ин ҷоиза на танҳо аҳамияти рамзӣ, балки маънои амиқи арзишӣ дорад.
Фаъолияти ширкат аз ибтидо бо ҳадафи дастгирии занон ва соҳибкории хурд оғоз ёфта буд. IMON ҳамчун фонд таъсис ёфта, тайи 25 сол пайваста барномаҳоеро рушд медиҳад, ки ба таҳкими мустақилияти молиявии занон, дастрасӣ ба захираҳо ва боло бурдани нақши онҳо дар иқтисод равона шудаанд. Ин самт то имрӯз яке аз афзалиятҳои асосии ширкат боқӣ мемонад.
Принсипҳои баробарии гендерӣ дар худи ширкат низ ба таври амалӣ татбиқ мешаванд: зиёда аз 40 фоизи кормандони IMON-ро занон ташкил медиҳанд, ки онҳо дар вазифаҳои тахассусӣ ва роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Ширкат барои рушди касбӣ, такмили малакаҳои идоракунӣ ва ташаккули иқтидори роҳбарии занон шароити мусоид фароҳам меорад.

Раиси Шӯрои директорони IMON INTERNATIONAL Ҷиорҷио Паролла таъкид намуд, ки ин ҷоиза барои ширкат ангезаи нав барои идомаи фаъолияти минбаъда мебошад.
«Мо аз дарёфти ин ҷоиза самимона хушҳолем. Он аҳамияти роҳи интихобкардаи моро тасдиқ намуда, моро ба идомаи дастгирии занон — ҳам соҳибкорон ва ҳам кормандони худ — рӯҳбаланд месозад. Мо ният дорем барномаҳоеро густариш диҳем, ки барои занон имкониятҳои нав мекушоянд», — гуфт ӯ.
Барномаи Women in Business, ки бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мегардад, ба бартарафсозии монеаҳои сохторӣ дар роҳи фаъолияти соҳибкории занон ва ташаккули иқтисоди устувору рақобатпазир дар минтақа мусоидат мекунад. Ҷоизаи IMON INTERNATIONAL нақши ширкатро ҳамчун яке аз пешсафон ва навоварон дар ин раванд инъикос менамояд.
АКС: ТАКХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ”
