Бонки миллии Қазоқистон тенгеҳои коллексионии бахшида ба муборизаи қазоқии «Қазақ күреси»-ро баровард
Остона, 16 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Бонки миллии Ҷумҳурии Қазоқистон аз 17-уми декабр тенгеҳои коллексионии силсилаи “Одатҳо, бозиҳои миллии Қазоқистон” – ро, ки ба муборизаи миллии «Қазақ күреси» бахшида шудаанд, ба муомилот мебарорад.

Тенгеҳо дар се намуна сохта шудаанд: аз нуқраи 925 намунаи тиллоӣ (тиражи 2000 адад), аз мелхиор (5000 адад) ва аз хӯлаи нейзилбер (50 000 адад). Номинали он 1000 ва 200 тенгеро ташкил медиҳад.
Тавре, ки дар Бонки Миллӣ таъкид намуда шуд, ҳамаи тенгеҳои коллексионӣ барои қабули арзиши номӣ дар тамоми Қаламрави Қазоқистон аз рӯи ҳама намудҳои пардохтҳо ҳатмӣ мебошанд.
Аксҳо: Бонки Миллии ҶҚ
