Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон принял участие в Саммите Диалога «Центральная Азия + Япония» – ИА Караван Инфо
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон принял участие в Саммите Диалога «Центральная Азия + Япония»

Душанбе, 22 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот».  20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» суханронӣ намуда, самтҳои стратегии ҳамкории минтақавиро дар шароити чолишҳои нави иқтисодӣ ва иқлимӣ муайян карданд.

Дастгирии Ҷопон — заминаи ҳамкории фарогир

Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии пайвастаи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, зерсохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва рушди иҷтимоӣ изҳори сипоси самимӣ намуданд ва саҳми онро барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Иқтисоди «сабз» ва сармоягузории оянда

Бо дарназардошти аҳамияти калидии иқтисоди «сабз» барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби сармоя ва технологияҳои Ҷопонро барои татбиқи стратегияҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз», пеш аз ҳама истифодаи иқтидори гидроэнергетикӣ ва рушди бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Таъкид гардид, ки дар кишвар сиёсати гузариш ба саноати «сабз» ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахшҳои калидии истеҳсолот фаъолона пеш бурда мешавад.

Ҳамкории саноатӣ ва устувории иқтисодҳо

Президенти кишвар зикр намуданд, ки дар шароити воқеиятҳои нави иқтисодӣ, густариши робитаҳои саноатӣ ва ҳамкории сохторҳои соҳибкорӣ бояд ба рушди минбаъда ва таъмини суботи иқтисодии давлатҳои минтақа равона гардад.

Саҳми Ҷопон дар татбиқи тарҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ шуда, иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои калонҳаҷми дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ муҳим шумурда шуд.

Соҳаҳои афзалиятнок ва захираҳои табиӣ

Соҳаҳои гидроэнергетика, саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, химия ва дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургия ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номбар гардиданд.

Бо назардошти захираҳои ғании табиӣ, Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди онҳо изҳор дошт.

Тағйирёбии иқлим ва дипломатияи об

Ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обхезӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои чангу ғубор, сел ва тахриби экосистемаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

«Мо хуб дарк менамоем, ки ҳифзи захираҳои об ҳамчун манбаи ҳаёт, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва рушди устувор то кадом андоза муҳим аст», — таъкид намуданд Пешвои миллат ва нақши пешсафи Тоҷикистонро дар пешбурди дипломатияи об ёдовар шуданд.

Дар ин замина ҳамаи кишварҳои манфиатдор барои иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар доираи “Раванди обии Душанбе”, ки моҳи майи соли 2026 баргузор мегардад, даъват карда шуданд.

Муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба иқлим

Таваҷҷуҳ ба ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, коркарди партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ҳамчун самтҳои муҳими ҳамкории оянда таъкид шуд.

Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд, зеро ин самтҳо барои таҳқиқоти илмӣ, назорати муҳити зист ва беҳтарсозии идоракунии захираҳо имкониятҳои нав фароҳам меоранд.

Дар ин робита дастгирии Ҷопон ва кишварҳои шарик аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба қабули Қатъномаи махсуси СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» муҳим дониста шуд.

Логистика ва пайвастагии нақлиётӣ

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ ба рушди логистика ва пайвастагии нақлиётӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Такмили роҳҳои мошингард ва оҳан, густариши робитаҳои ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамии логистикӣ барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва иқтисодиёти минтақа фурсатҳои нав фароҳам меорад.

Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии Шимол ва Ҷануби кишвар марказҳои логистикӣ ва маҷмааҳои агрологистикӣ бунёд шаванд.

Кадрҳо ва илм — сармояи стратегӣ

Ҷопон ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи кадрҳо тавассути барномаҳои JICA ва бурсияҳои JDS муаррифӣ гардид. Аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ — баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, тайёр кардани кадрҳои техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз» ва таъсиси озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзии устувор ва идоракунии таҳдидҳои табиӣ номбар шуданд.

Ҳадафи муштарак — сулҳ ва рушди устувор

Дар фароварди сухан Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳамаи пешниҳодҳои ироашуда дар Ҳамоиш талоши дастҷамъонаи кишварҳоро барои сулҳ, субот, эҳтироми мутақобила ва рушди устувор таҷассум мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: