Душанбе, 23 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароити афзоиши ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба марҳилаи миёнамуҳлати рушд бо нишондиҳандаҳои нисбатан устувори макроиқтисодӣ ворид мешавад, вале ҳамзамон бо хатарҳои ҷиддии беруна рӯ ба рӯ аст. Ба чунин хулоса коршиносони Бонки рушди Авруосиё (ЕАБР) дар гузориши пешгӯии макроиқтисодӣ барои солҳои 2026–2028 омадаанд.

Тибқи таҳлили ЕАБР, хатарҳои асосӣ барои иқтисоди Тоҷикистон хусусияти беруна доранд. Нигоҳ дошта шудани танишҳои тарифӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад ба сустшавии рушди иқтисоди ҷаҳон ва коҳиши нархи ашёи хом оварда расонад.
Бо назардошти он ки содироти Тоҷикистон асосан ба металлҳои ранга, маъданҳо ва маҳсулоти нассоҷӣ такя мекунад, чунин раванд метавонад боиси коҳиши талаботи хориҷӣ ва дар натиҷа паст шудани даромадҳои асъорӣ гардад.
Дар гузориш инчунин нақши муҳими интиқоли маблағҳо ба иқтисоди кишвар таъкид мешавад. Дар сурати бад шудани вазъи иқтисодии кишварҳои шарик, коҳиши ҳаҷми интиқолҳо метавонад ба суст шудани истеъмол ва фаъолияти сармоягузорӣ оварда расонад.
Ба андешаи коршиносони ЕАБР, дар чунин сенария суръати афзоиши ММД метавонад аз сатҳи мутавозин пасттар гардад.
Бо вуҷуди хатарҳои беруна, нишондиҳандаҳои молияи давлатӣ мусбат арзёбӣ мешаванд. Дар моҳҳои январ–августи соли 2025 буҷети давлатии Тоҷикистон бо профитсит ба маблағи 3,5 млрд сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1,8 млрд сомонӣ) афзоиши назаррас аст.
Афзоиши даромадҳо 27% ва хароҷот 23% дар қиёси солона нишон медиҳад, ки сиёсати молиявӣ мутавозин боқӣ мемонад.
Хароҷот ба соҳаи энергетика 45% ва ба соҳаи маориф 34% афзоиш ёфтааст, ки ин аз таваҷҷуҳи стратегӣ ба рушди инфрасохтор ва сармояи инсонӣ шаҳодат медиҳад.
Дар натиҷаи иҷрои буҷет бо профитсит, қарзи давлатӣ то миёнаи соли 2025 ба 21,4% ММД поин рафт, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар охири соли 2021 ба 43% баробар буд.
Тавре ки дар гузориш таъкид мешавад, сиёсати буҷетии Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкими устувории иқтисодӣ мусоидат мекунад. Аммо вобастагӣ аз омилҳои беруна зарурати диверсификатсияи иқтисод, рушди бозори дохилӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои дорои арзиши иловашударо боз ҳам муҳим мегардонад.
Дар шароити номуайянии ҷаҳонӣ маҳз тавозуни сиёсати молиявӣ, ислоҳоти сохторӣ ва сармоягузорӣ ба инсон метавонад заминаи рушди устувори иқтисоди кишвар дар солҳои наздик гардад.
АКС: Бонки рушди Авруосиё (ЕАБР)
