ОСТОНА, 24 декабр 2025 – АИ «Караван Инфо». Оператори миллии ғалла бо супориши Ҳукумат қабули дархостҳои истеҳсолкунандагони кишоварзиро барои иштирок дар барномаи хариди форвард барои маблағгузории корҳои баҳории саҳроӣ дар соли 2026 оғоз намуд. Ба ин мақсадҳо тақрибан 40 миллиард тенге равона намуда мешавад. Тадбири дастгирии давлатӣ ҳам барои хоҷагиҳои хурду миёна ва ҳам барои корхонаҳои калони кишоварзӣ дастрас аст.

Барнома ба рушди истеҳсоли зироатҳои сердаромад нигаронида шудааст.
Дар мавсими ояндаи кишоварзӣ ба дастгирии хоҷагиҳои ҷуворимаккапарвар диққати махсус дода мешавад. Дар доираи шартномаҳои форвардӣ Корпоратсияи истеҳсолӣ пеш аз оғози кишт пешпардохт медиҳад, ки ин ба деҳқонон имкон медиҳад, ки ба корҳои саҳроӣ пешакӣ омода шаванд. Баъди чамъоварии хосил ва фиристодани махсулот бо назардошти шароити бозор музди иловагӣ додан мумкин аст.
Пардохтҳои пешакӣ барои соли 2026 бо назардошти ААИ инҳоянд: гандуми нарм ва сахт — 60 ҳазор тенге барои як тонна, ҷав ва ҷуворимакка — 50 ҳазор тенге, офтобпараст, зағири равгандор ва рапс —100 ҳазор тенге барои як тонна.
Аризаҳоро шӯроҳои ҳамоҳангсозии назди ҳукуматҳои вилоятҳо баррасӣ мекунанд. Мӯҳлати таҳвили ғалла — то-юми 2 ноябри соли 2026, зироатҳои равғандор — то 16-уми ноябр. Маҳсулот бо шартҳои EXW расонида мешавад.
Аксҳо: оператори миллии ғаллаи ҶҚ
